◈●◈══•══◈●◈
📜 Боре мардум ба Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯ оварда гуфтанд: «Эй Расули Аллоҳ, бо мо шӯхӣ мекунед». Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
إنِّي لا أقولُ إلَّا حقًّا
«Аммо ман танҳо рост мегӯям.» Ҳадисро Аҳмад (2/360) ва Тирмизӣ (1990) ривоят кардаанд. Ҳадис саҳеҳ аст. «Саҳеҳи ал-Ҷомиъ» (2494).
🚫 Барои ҳамсӯҳбатонро хандон кардан, шумо наметавонед дурӯғ бигӯед.
Дурӯғ гуфтан — кори зишт аст, ки ба мусулмон мувофиқ нест.
📜 Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
ويلٌ للذي يحدِّثُ بالحديثِ ليُضحكَ به القومَ فيكذبُ ويلٌ له ويلٌ له
«Вой бар ҳоли касе, ки чизе мегӯяду дурӯғ мегӯяд, то мардумро бихандонад. Вой бар ӯ, вой бар ӯ!» Ҳадисро Абу Довуд (4990), Тирмизӣ (2315) ривоят кардаанд. Саҳеии ҳадисро Абу Исо ат-Тирмизи, Ҳоким, Аз — Заҳаби, Санъонӣ ва Албонӣ тасдиқ кардаанд.
📜 Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардумро ба дуруғ гуфтан ҳатто ҳамчун шӯхӣ тарғиб намуда, фармуд:
أَنَا زَعِيمٌ بِبَيْتٍ فِي وَسَطِ الْجَنَّةِ لِمَنْ تَرَكَ الْكَذِبَ، وَإِنْ كَانَ مَازِحًا
«Барои касе, ки дар вақти шӯхӣ ҳам аз гуфтани дурӯғ худдорӣ мекунад, дар канори миёнаи биҳишт хона кафолат медиҳам». Ҳадисро Абу Довуд (4800), Байҳақӣ (10/249) ривоят кардаанд. Имом Нававӣ ва Шайх Албонӣ саҳеҳ будани ҳадисро тасдиқ кардаанд.