Дар Саҳеҳи Муслим ҳадисе омадааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:
كُلُّ شَيْءٍ بِقَدَرٍ، حَتَّى الْعَجْزِ وَالْكَيْسِ
«Ҳама чиз аз рӯи тақдир аст, ҳатто нотавонӣ (заифӣ), доноӣ (заковат, хирад)». Муслим, 2655.
Нотавонӣ ва заифӣ, агар шахс дошта бошад, аз ҷониби Аллоҳ муқаррар шудааст. Ҳикмат, заковат, ақл, чи тавре Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам гуфтаанд, ин бо амри Аллоҳ Таъоло аст.
Аз ин рӯ, дар дуое, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба мо омӯхт ва фармуданд, ки бо он ба сӯи Аллоҳ рӯй оварем:
اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ العَجْزِ وَالكَسَلِ
/Аллаҳумма инни аъузу биКа мин-ал-ъаҷзи уаль-касал/
«Ё Аллоҳ, ман аз нотавонӣ, заифӣ ва танбалӣ ба Ту паноҳ мебарам».
ал-Бухорӣ, 2893.