Идҳо як қисми дин мебошанд

Share

Эй бандагони Аллоҳ, ёдовар мешавам, ки идҳо ҷузъи таркибии динанд, ки мансубияти динии шахсро нишон медиҳанд, бинобар ин Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) вақте ки ба Мадина кӯчида омад ва дид, ки мардум ду идро ҷашн мегиранд. (наврӯз ва маҳраҷон), аз он рӯзҳо пурсид. Ба ӯ гуфтанд, ки дар ин рӯзҳо мо шодиву хурсандӣ мекунем. Сипас фармуд: «Аллоҳ ин рӯзҳоро бароятон ба ду рӯзи беҳтар иваз кардааст: Ид ул-Фитр ва Ид ул-Адҳа». [1]

⛔️ Аз ин рӯ, шумо наметавонед ҳеҷ идеро ҷашн гиред, ба ғайр аз идҳое, ки Офаридгоратон, Аллоҳ Таъоло барои шумо муқаррар кардааст. Онҳоро табрик кардан мумкин нест, дар онҳо иштирок кардан мумкин нест, дар ҷашни онҳо кӯмак кардан мумкин нест.

مَنْ تَشَبَّهَ بِقَوْمٍ فَهُوَ مِنْهُمْ

«Касе ба ягон миллат монанди кунад, аз онҳост». [2]

1] Аз Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: «Чун Паёмбар Мухаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) ба Мадина омаданд, сокинони он [ансориён] ду ид доштанд [наврӯз ва маҳраҷон], дар вақти бозӣ карданашон. Аз онҳо пурсид: «Инҳо чихел рӯзҳоянд?» Гуфтанд: «Инҳо рӯзҳое ҳастанд, ки дар замони ҷоҳилият бозӣ мекардем ва хурсандӣ мекардем». Сипас Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Ба дурусти ки Аллоҳ онҳоро барои шумо ба ду рӯзи беҳтар иваз кард, онҳо иди Қурбон [Ид ул-Адҳа] ва иди Рӯза [Ид ул-Фитр]». Ҳадисро Абу Довуд (1134) ривоят кардааст. Шайх Албонӣ гуфтааст: «Ҳадиси саҳеҳ». Исноди ин ҳадис ба шарти Муслим саҳеҳ аст ва Ҳоким низ ҳаминро гуфтааст, ки Заҳабӣ бо ӯ ризоият кардааст. Саҳеҳи Аби Довуд (4/297).

2] Абу Довуд. «Ас-Сунан», ҳадиси N°4031. Шайх Албонӣ дар «Ирво-ул-ғалил» дурустии ҳадисро тасдиқ кардааст. (Т. 5. С. 109)