Шаби Қадр кай фаро мерасад? Мо ба таври қатъӣ ва бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар яке аз даҳ шаби охири моҳи Рамазон руҳ медиҳад. Модари мо, ҳамсари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) чунин суханони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро нақл кардаанд:
تَحَرَّوْا لَيْلَةَ الْقَدْرِ فِى الْعَشْرِ الْأَوَاخِرِ مِنْ رَمَضَانَ
«Шаби Қадрро дар даҳ шаби охири моҳи Рамазон биҷӯед».
📚 Ҳадиси Бухорий, 2020; Муслим, 1169.
Яъне, он метавонад яке аз шабҳои даҳаи охир бошад, аммо ба эҳтимоли зиёд яке аз шабҳои тоқ, яъне бисту якум, бисту севум, бисту панҷум, бисту ҳафтум ва бисту нӯҳум аст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
تَحَرَّوْا لَيْلَةَ القَدْرِ في الوِتْرِ مِنَ العَشْرِ الأوَاخِرِ مِن رَمَضَانَ
«Шаби Қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон биҷӯед».
📚 Ҳадис ривояти ал-Бухори, 2017.
Аз шабҳои тоқ, эҳтимоли бештар шабҳои бисту панҷум, бисту ҳафтум ва бисту нӯҳум аст, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) низ фармудаанд:
فمَن كانَ مُتَحَرِّيَهَا فَلْيَتَحَرَّهَا في السَّبْعِ الأوَاخِرِ.
«Ҳар кӣ ӯро биҷӯяд, дар ҳафт шаби охир биҷӯяд».
📚 Ҳадиси Бухори, 2015: Муслим, 1165.
Аз ҳамин се шаб эҳтимоли баландтарин дар шаби бисту ҳафтум руҳ медиҳад. Убай ибни Каъб, ки аз ёрони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, гуфт:
وَاللَّهِ إنِّي لأَعْلَمُهَا، وَأَكْثَرُ عِلْمِي هي اللَّيْلَةُ الَّتي أَمَرَنَا رَسولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عليه وسلَّمَ بقِيَامِهَا هي لَيْلَةُ سَبْعٍ وَعِشْرِينَ.
«Қасам ба Аллоҳ, ман медонам, ки он чӣ шаб аст. Ин шабе, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро ба намоз сарф кардан амр фармудааст, шаби бисту ҳафтум аст».
📚 Ҳадис ривояти Муслим, 762.
Аз ин ҳама гуфтаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки шаби Қадр, ки соле як бор мешавад, ба яке аз даҳ шаби охири моҳи Рамазон рост меояд ва дар миёни онҳо ҳаракат мекунад, аммо ба эҳтимоли зиёд ба шуморҳои тоқ рост меояд.
Чаро Аллоҳ Таъоло вақти дақиқи ин шабро аз мо пинҳон кард? Ин яке аз зуҳуроти ҳикмати бепоёни Офаридгор ва раҳмати Ӯ нисбат ба мост. Аллоҳ Таъоло ин шабро аз илми мо пинҳон кард, то дар ин шабҳои мубораки даҳаи охири моҳи Рамазон ҳарчи бештар амалҳои шоистае анҷом диҳем, то дар ҳамаи ин шабҳо намоз бихонем, Аллоҳро ёд кунем, ба сӯи Ӯ бо дуо рӯй оварем ва наздик шавем. Ӯст, ки соҳиби мукофотҳост. Илова бар ин, ин имтиҳонест барои мардуме, ки дар ҷустуҷӯи ин шаб саъй мекунад ва ки ғафлат ва танбалӣ мекунад.
Аллоҳ Таъоло рӯза ва ибодатҳоятонро қабул гардонад.
﹏﹏﹏﹏﹏﹏﹏﹏﹏﹏﹏
Аз барномаи «Даҳ шаб. Калиди хушбахтӣ»