Ошуро: ин фурсатро аз даст надиҳед

Share

Ошуро: ин фурсатро аз даст надиҳед

Эй бандагони Аллоҳ! Моҳи Муҳаррам, моҳе, ки бо шумо ворид шудем — оё медонед, ки ин моҳ беҳтарин барои ибодатҳо ба мисли рӯза (сиём), беҳтарин моҳ барои рӯзадорӣ пас аз Рамазон тибқи шаҳодати Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) аст.

أفضَلُ الصِّيامِ بعد رمضانَ شَهرُ اللهِ — المُحَرَّمُ

«Беҳтарин рўза пас аз Рамазон — ин рӯза дар моҳи Аллоҳ ал-Муҳаррам аст».

Ин ҳадисро Муслим (1163) нақл кардааст.

Ва дар даҳуми ҳамин моҳ ҳодисаи бузурге рўй дод, ки ҳақ пирӯз шуд ва ботил хор шуд. Дар ин рӯз, даҳуми моҳи Муҳаррам, Аллоҳ Таъоло Мусо (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) ва қавмашро наҷот дод ва Фиръавн ва қавмашро ғарқ кард. Ва чунон ки Ибни Аббос (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) мегӯяд, ки Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) ба Мадина расид, дид, ки яҳудиён дар ин рӯз, яъне рӯзи Ошуро рӯза гирифтаанд. Мусулмонон пеш аз ин дар Макка низ рӯза медоштанд. Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) аз онҳо пурсид:

ما هذا اليَوْمُ الذي تَصُومُونَهُ؟

«Чаро дар ин рӯз рӯза мегиред (дар ин рӯз чӣ гуна рӯза доред)?»

Гуфтанд:

«Ин рӯзест, ки Аллоҳ Мусо ва қавмашро наҷот дод ва Фиръавн ва қавмашро ғарқ кард (ҳалок кард) ва аз ин рӯ Мӯсо дар ин рӯз ба нишони шукрона бар Аллоҳ рӯза гирифт ва мо низ рӯза мегирем».

Ва Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

فَنَحْنُ أَحَقُّ وَأَوْلَى بمُوسَى مِنكُم

«Мо бар Мӯсо аз шумо бисёр ҳақ дорем ва ба Мӯсо аз шумо наздиктарем».

Ва фармуд, ки дар ин рӯз рӯза бигиранд ва худаш низ рӯза гирифт, (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод). Ин ҳадисро Бухорӣ (2004) ва Муслим (1130) нақл кардаанд.

Ва ин рўза фарз буд, то он даме, ки Аллоҳ Таоло фармони рӯза дар моҳи Рамазонро нозил кард ва сипас рӯзаи Ошуро мустаҳаб шуд. Чуноне ки Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) мефармояд:

«Чун амри рӯзадорӣ дар моҳи Рамазон нозил шуд, Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) ба сӯи мардум рӯ оварда, фармуд:

إن عاشوراءَ يومٌ من أيامِ اللهِ فمَن شاء صامه ومن شاء تركَه

«Дарҳақиқат, Ошуро яке аз рӯзҳои Аллоҳ, ҳар ки хоҳад, дар ин рӯз рӯза бигирад ва ҳар ки нахоҳад, рӯза нагирад».

Ин ҳадисро Бухорӣ (4504) ва Муслим (1125) нақл кардаанд.

Ва чанде пеш аз даргузашти Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) дар охири умраш азми хешро баён кард, ки агар соли оянда умр бинад, ҳатман илова бар 10-уми моҳи Муҳаррам рӯза мегирад. (яъне илова бар худи рӯзи Ошуро) як рӯз пеш аз ин, ва гуфт:

لئِنْ بَقِيتُ إلى قابِلٍ، لأَصومَنَّ اليومَ التاسِعَ

«Агар то соли оянда (соли дигар) зиндагӣ кунам, ҳатман дар рӯзи 9-ум рӯза мегирам (то аз яҳудиён фарқ кунам).

Ин ҳадисро Муслим (2667) нақл кардааст.

Ин ибодати муҳими Аллоҳ Таоло аст. Шаъну эътибораш баланд аст. Ин чиро нишон медихад? Ва ин ки Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) ин рӯзро махсусан интизор буд. Ибни Аббос мегӯяд:

«Пайғамбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) ҳеҷ рӯзеро барои рӯзадорӣ ҷустуҷӯ намекард ва онро бартарӣ медод, магар ин рӯз (рӯзи Ошуро). Ин ҳадисро Бухорӣ (2006) ва Муслим (1132) ривоят кардаанд.

Ва чаро? Бале, зеро савоби ин кор бузург аст, зеро ин рӯза дар рӯзи Ошуро сабаби кафорати гуноҳҳои тамоми як соли гузашта аст. Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:

وصِيامُ يومِ عاشُوراءَ، إِنِّي أحْتَسِبُ على اللهِ أنْ يُكَفِّرَ السنَةَ التِي قَبْلَهُ

«Рӯза доштани рӯзи Ошуро — умедворам, ки Аллоҳ гуноҳони як соли гузаштаро ба воситаи он мебахшад».

Ин ҳадисро Муслим (1162) нақл кардааст.

Бехтарин кор эй бандагони Аллоҳ ин аст, ки агар дар рузи Ошуро ва як рузи пеш аз он 9 ва 10-уми мохи мухаррам руза бигиред. Пас аз ин, агар танҳо 10-уми моҳи Муҳаррам рӯза дошта бошед, шарафаш пасттар аст. Ин ҳам имконпазир аст, аммо он дар шаъну шараф пасттар аст.

Оё дар рӯзи Ошуро, як рӯз пеш аз он ва пас аз он рӯза гирифтан мумкин аст? Ин дар суннати Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) нест. Аз Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ҳеҷ чизи боэътимоде нест. Ё барои рӯзадорӣ мардум мегӯянд: «Дар рӯзи Ошуро рӯза бигир ва агар хоҳӣ, як рӯз пеш аз он ва агар хоҳӣ, пас аз он рӯзаро бигир». Ин низ дар суннати Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) нест. Фақат истисно, мегӯянд уламо ва инро Ибни Аббос (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) гуфтааст, агар шахс дар бораи фарорасии моҳи Муҳаррам шак кунад ва аз он бим дорад, ки моҳи Муҳаррамро аз даст надиҳад, рӯзи Ошуро ва аз ин рӯ, ба ҳар сурат, се рӯз рӯза мегирад. Он гоҳ имконпазир аст, пас ҳеҷ мушкиле нест.

Ва дар охир ба шумо мегӯям, ки аз он чизе, ки мо зикр кардем, чизҳои хеле муҳим ҳастанд.

Лаҳзаи аввал ин аст, ки мусалмон аз пирӯзӣ ва баланд шудани ҳақ шодӣ мекунад. Мусулмон касе нест, ки танҳо бо мушкилоти шахсии худ, манфиатҳои шахсии худ зиндагӣ кунад. Мусулмон вақте шод мешавад, ки мӯъминон шод мешаванд ва вақте мӯъминон ғамгин мешаванд, ғамгин мешавад. Вақте ки дини Аллоҳ Таоло баланд мешавад шод мешавад. Ин мусулмон аст. Ин хулоса аз таърихи Мӯсо (ъалейҳиссалом) аст.

Ва хулосаи дувум, эй бандагони Аллоҳ, ин аст, ки мусалмон бояд аз ғайри мусалмон фарқ дошта бошад. Шахсияти мусалмон бояд аз шахсияти ғайримусалмонон фарқ кунад. Ин ҳукмро Аллоҳ ва Расулаш муқаррар кардаанд. Чунон ки Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

«Ман аз аҳли китоб фарқ мекунам ва дар рӯзи нӯҳуми моҳи муҳаррам низ рӯза мегирам».

Имрӯз бо мусалмонон чӣ мешавад? Мо ҳама аз они Аллоҳ ва бозгашти мо ба сӯи Ӯст ​​(инна ли-Лаҳи ва инна илайҳи роҷиъун). Бо ҳам рақобат мекунанд, то мисли кофирон шаванд ва худро хор кунанд ва Аллоҳ онҳоро хор кард ва нотавон шуданд. Ва агар ба дини Аллоҳ мустаҳкам шаванд, Аллоҳ ба онҳо тавонои ва қувват медиҳад.

Ва ниҳоят чизи охирин. Дар мавриди рӯзи Ошуро мардум ба се қисм тақсим шуданд: ду ифрот — (аз ҳад гузаштан дар коре) ва як роҳи рост.

Аввалин ифрот одамоне мебошанд, ки дар рӯзи Ошуро ид, ҷашн, муомила мекунанд, ҳатто ғизои махсус омода мекунанд, тақсим мекунанд, тӯҳфаҳо медиҳанд, ба фарзандони худ, аҳли оилаашон дар ин рӯзҳо корҳоеро анҷом медиҳанд, ки дар дигар рӯзҳо анҷом намедиҳанд. Ин хатост. Ва ин корро пайравони суфиҳо мекунанд.

Ва ифроти дигар онон ҳастанд, ки ин рӯзро рӯзи ғаму андӯҳ, мотам ва лату кӯб ва шиканҷа ва рехтани хун қарор дода, гӯё аз марги Ҳусайн (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) андӯҳи худро нишон медиҳанд. Гузашта аз ин, дар ин рӯз даҳшатноктарин кор — ширк-ро анҷом медиҳанд: ба аҳлу байти Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) дуои талаб мекунанд, аҳли байти Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро баланд мебардоранд, ба дараҷаи Аллоҳ. Аллоҳ Таоло моро нигаҳбон бошад. Ва ин сухан дар бораи рофидаҳо (равофид) меравад.

Ва роҳи мустақим (сиротал-мустақим), роҳи мӯътадили аҳли суннати вал-ҷамоъат вуҷуд дорад. Мо ин рӯзро бо чизе таъкид намекунем, на ид ва на мотам, балки танҳо як чиз аст, ки ин рӯза (сиям) аст.

Эй бандагони Аллоҳ! Наздикону фарзандон, хешу табор, ҳамсояву дӯстон ва мусалмононро фаромӯш накунед ва ташвиқ кунед, то ин рӯзу фурсатро аз даст надиҳед, ки савобаш кафорати гуноҳҳои соли гузашта аст.